Баромади  раиси суди ноҳияи Фархор дар конфиренсияи илми вобаста ба 20-мин солгарди ҷашти Кониститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

                                      

                        Мўҳтарам аъзоёни Раёсат ва ҳамдиёрони азиз!

         Аввалан иҷозат фармоед, ҳамаи Шуморо ба фарорасии 20-мин солгарди қабули (Кониститутсияи) Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумоён хонаободӣ, хушбахтӣ ва бурдбориҳо дар зиндагиатон таманно дорам.

           Ҳамдиёрони азиз!

            Рўзи 6-уминоябри соли 2014-ум, мардуми Тоҷикистон 20-мин солгарди Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

           Бо назардошти ин далел, ки мо тулии беш аз ҳазор сол дар ҳолати бедавлатӣ қарор доштем, инчунин як қисмати таърихи начандон дури мо дар доираи низоми умумишўравӣ ҷараён гирифта буд, 20 солагии Кониститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  барои мо ҳамчун ҷашнгирии шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шўкуҳи хоса дорад.

           Дар давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонидаанд.

          Қониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ,  ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихи ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёри, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохили ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёси, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудааст.

 Кониститутсия нахустин Қонуни асосии давлати Тоҷикистон аст, ки дар он таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тартиби ташкил ва салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ифодаи қонунӣ ёфтааст.

 Таҷрибаи амалӣ гаштани ин меъёрҳои Кониститутсиони дар солҳои истиқлолияти давлатӣ, заминаи ташкилу фаъолияти муътадили ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид.

Аз ин рў дар Кониститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби 8-ум, аз моддаи 84 то моддаи 92-юм ҳокимияти судӣ ҳамчун як ҳокимияти давлатӣ, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия эътироф шудааст ва суд баҳри пойдории  адолати судӣ, ҳифзу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, амнияти ҷамъияти ва саломатии аҳли муҳити зист, тартиботи ҷамъияти ва ахлоқ, ҳимояи сохти Кониститутсиони, таъмини сулҳ ва амнияти башариат, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи Кониститутсия ва Қонунҳои амалкунанда, пешгириии ҷиноятҳо фаъолият менамоянд.

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад.

Ҳокимияти судӣ ҳўкуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд (мод.84 Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

 Мустақилияти судҳо пеш аз ҳама дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд нақши муҳим мебозад. Чуноне, ки дар тафсири Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба сифати мақомоти давлатии мустақил, новобаста аз ягдигар фаъолият мекунанд.

Дар ин маврид дар дасти як мақомоти давлати ҷой доштани тамоми ҳокимият истисно мегардад.

Ғайр аз ин дар кадом ҳолате, ки набошад мақомоти як рукни ҳокимияти давлатӣ, мақомоти рукни дигари ҳокимияти давлатиро иваз карда наметавонад.

Мустақил будани ҳокимияти судӣ, баёнгари демократикунонии  ҳокимияти давлатӣ буда, дар волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрванд нақши муҳим дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳамаи давру замонҳо давлатҳое, ки дар он додгоҳ ё худ қозӣ ва ё бо истиллои имрўза мақомоти судӣ аз дигар ниҳоди давлат мустаҳқил буда, дар ин гуна кишварҳо адолат ҳукумфармост.

Конститутсия Тоҷикистон  эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Кониститутсия-анд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумоёнро ҳамдиёрони азиз, ба фарорасии 20-мин солгарди ҷашни Кониститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзҳои ба шумор мондааст, самимона табрик гуфта, барои ҳамаатон тани сиҳат, хушбахтӣ, пирўзи, хонаободӣ, рўзгори ободу муваффақиятҳои оилавию хизматӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

 

Боқӣ  Худо ёратон!

 

Ид муборак ҳамдиёрони азиз!

                                          

Раиси суди н.Фархор                                       Боев Т.Г.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий