Парвандаи ҷинояти Акбаров М бо моддаи 201 қисми 3 банди «е»-и КҶ ҶТ

          Парвандаи ҷиноятиро бо айбдории: Акбаров Маҳмадрасул Нурматович, саннаи таваллудаш 09-ноябри соли 1977, зодаи  ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, миллаташ узбек, оиладор соҳиби се фарзанд, мувақатан бекор, вакили мардуми ва маҷруҳ намебошад, ӯҳдадори ҳарбӣ нест, пеш суд нашудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҷамоати деҳоти Ғайрат, деҳаи Деҳқонобод.

            Дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 201 қисми 3 банди «е»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, барраси намуда, суд;-

М У А Й Я Н  К А Р Д :

            Акбаров М.Н., ба ҷинояти барои муносибати ғайриконунӣ бо воситаҳои нашъадор, яъне ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор, бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон даст зада, ҷиноят содир намудааст.

            Чунончӣ: Ӯ аввалҳои моҳи декабри соли 2014, тахминан соатҳои 16 ба 17 дар  заминҳои боғпарварии хоҷаги деҳқони ба номи «Алишер», вокеъ дар канори деҳаи Деҳқонобод, ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор, дар якҷояги бо дигар шахс, ки нисбати вай шахс қисми маводҳои парвандаи ҷинояти барои пешбурд дар истеҳсолоти алоҳида ҷудо карда шудааст вохӯрда аз он шахс дар хусуси барои истеъмоли худаш дастрас кардани маводи нашъадори намуди «Хашиш» ҳамсуҳбат шудааст ва он шахсдар ҷавоб ба ӯ гуфтааст,ки чӣ миқдоре,ки ба ӯ лозим бошад, пулашро диҳад бо арзиши пули додааш маводи намуди нашъадори «Хашиш»-ро барояш дастрас менамояд.

            Сипас дар онҷо ӯ ба он шахс 250 долари ИМА додааст ва он шахс худи ҳамон лаҳза аз дохили заминҳои боғпарварии хоҷаги деҳқонии ба номи «Алишер», дар як халтаи салафании рангаш сиёҳ се адад маводи китобшакли рангашон ҷигарии буи хоса доштаи мансуб ба воситаҳои нашъадори намуди «Хашиш» бударо, ки ҳар як кадомаш дар алоҳидаги дар халтачаҳои салафании рангашон сиёҳ печонида шуда буданд оварда ба ӯ додааст.

            Акбаров М.Н., маводҳои нашъадори намуди «Хашиш»-и ғайриқонуни ба даст овардаашро соҳиб шуда, худи ҳамон рӯз ин воситаҳои нашъадоро бо худ бурда дар  заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи «Муҳаммадҷон», вокеъ дар канори деҳаи Деҳқонобод, ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор, дар зери хок пинҳон карда то рӯзи 16-декабри соли 2014 ғайриқонуни нигоҳ доштаат. Дар ин давом ӯ аз яке аз ин китобчаҳои маводи нашъадори намуди «Хашиш» доштаро як маротиб бо микдори хеле кам дар сигор омехта карда бо роҳи нафас гирифтани дудаш истифода бурдааст.

            Рузи 16-уми декабри соли 2014, ӯ аз тарафи кормандони ШВКД ноҳияи Фархор ба ШВКД ноҳияи Фархор даъват карда шудааст ва ҳангоми ҳамсуҳбат шудан ӯ иқрор шудааст, ки дар махфигоҳаш як миқдор маводи нашъадори намуди «Хашиш»-ро пинҳон карда нигох медорад ва ваъда додааст,ки ӯ онҳоро оварда ба кормандони ШВКД ноҳияи Фархор месупорад.

            Сипас худи ҳамон рӯз, яъне 16-уми декабри соли 2014, тахминан соатҳои 19 ба 20 аз заминҳои хочҷгии деҳқонии ба номи «Муҳаммадҷон», вокеъ дар суроғаи дар боло кайдшуда, аз зери хок он се адад маводҳои китобшакли воситаҳои нашъадори намуди «Хашиш»-ро дар якҷояги бо салафанҳояш гирифта дар дохили остини чапи ҷомаи дар тан доштааш ҷой ва пинҳон карда ба ШВКД-и ноҳияи Фархор овардааст ва кормандони   ШВКД-и ноҳияи Фархор дар ҳузури шахсони холис кофтукови шахсии ӯро гузаронида  аз дохили остини чапи ҷомаи дар тан доштаи  ӯ дар як халтаи салафани ин се адад маводҳои китобшакли ба воситаҳои нашъадори намуди «Хашиш» монандро дарёфт карда бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима гирифта дар ҳузури шахсони холис ин се адад маводи китобшакли ба воситаҳои нашъадори намуди «Хашиш» монанд бударо   дар дохили як лифофа андохта атрофии он лифофаро  маҳкам намуда муҳр гузоштаанд ва шахсони холис ва дигар иштирокчиён имзоҳояшонро дар болои ин лифофа гузоштаанд.

            Судшаванда Акбаров Маҳмадрасул Нурматович дар рафти мурофиаи судӣ худашро бо айби эълонкардашуда бо моддаи 201 қисми 3 банди «е»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор дониста нишондод додааст, ки аз воситаҳои нашъадори намуди «Хашиш», тахминан як сол мншавад, ки бо роҳи дар сигор пур кардан ва дудашро нафас гирифтан истифода мебарад. Дар ҳақиқат аввалҳои моҳи декабри соли 2014, тахминан  соатҳои 16 ба 17 ӯ бо шиносаш Сайдалиев М.М., дар заминҳои боғзори хоҷаги деҳқонии бо номи «Алишер» вохӯрда ҳангоми ҳамсуҳбат шуданашон аз Сайдалиев М. хоҳиш кардааст, ки аз ягон шахс маводи нашъадори намуди «Хашиш»-ро барои истеъмолаш дарёфт кунад ва номбурда дар ҷавоб гуфтааст, ки ба ӯ чӣ микдори маводи нашъадори намуди «Хашиш»  даркор бошад пулашро диҳад вай дарёфт карда медиҳад.

            Сипас ӯ дар онҷо 250 долари ИМА ба Сайдалиев М.М., додааст ва номбурда аз байни замини боғзори хоҷагии деҳқониашон, ки ҷояшро ӯ надидааст, дар як халтаи салафани се адад маводи китобшакли воситаҳои нашъадори намуди «Хашиш» бударо, ки рангашон ҷигари буданд ва буи хоса доштанд оварда ба ӯ додааст, ки он се адад маводи нашъадори китобшакли  намуди «Хашиш» дар алоҳидаги дар салафанҳои рангашон сиёҳ печонида шуда буданд ва ҳарсеяшон бо салафанҳояшон дар дохили як салафани рангашон зард ҷой карда шуда буданд. Баъд ӯ ин се адад маводи нашъадори китобшакли намуди «Хашиш»-и ба даст овардаашро бо худ бурдо дар замини хоҷагии деҳқониашон, ки бо номи «Муҳаммадҷон», ки дар канори деҳаашон дар наздикии дарёи Сурхоб ҷойгир аст, таги хок карда пинҳон намуда нигох доштааст. Баъдан ӯ як маротиба аз яке аз ин китобчаҳо бо миқдори хело кам дар сигор пур карда кашидааст.

            Рӯзи 16-уми декабри соли 2014, кормандони ШВКД-и ноҳияи Фархор ӯро ба ШВКД-и ноҳияи Фархор даъват карда дар бораи маводи нашъадори намуди «Хашиш» доштанаш пурсон шуданд ва ӯ ки аз кирдори содирнамудааш сахт пушаймон буд ба гуноҳи содиркардааш иқрор  шуда ба кормандони ШВКД-и ноҳияи Фархор ваъда додааст,ки рафта аз ҷойи пинҳон кардааш   маводҳои нашъадори намуди «Хашиш»-ро оварда ба онҳо медиҳад. Баъд кормандони ШВКД-и ноҳияи Фархор ӯро бовар карда фармуданд, ки рафта маводҳои нашъадори пинҳон намудаашро оварда супорад. Сипас ӯ аз ШВКД-и ноҳияи Фархор ба замини хоҷагии деҳқониашон рафта аз онҷо аз зери хок он се адад маводи нашъадори китобшакли намуди «Хашиш»-ро дар якчояги бо салафанҳояшон гирифта, онҳоро дар дохили остини чапи ҷомаи дар тан доштааш андохта худи ҳамон рӯз, тахмин соатҳои 19 ба 20 ба ШВКД-и ноҳияи Фархор овардааст. Кормандони ШВКД-и ноҳияи Фархор дар ҳузури ду шахси холис дар бинои ШВКД-и ноҳияи Фархор кофтукови шахсии ӯро гузаронида аз дохили остини чапи ҷомаи дар тан доштааш он се адад маводи нашъадори китобшакли намуди «Хашиш»-ро дар якҷояги бо салафанҳояшон дарёфт  намуда,   ҳуҷҷатхои лозима тартиб дода гирифтаанд.

            Рузи 17-уми декабри соли 2014, ӯ аз кормандони ШВКД-и ноҳияи Фархор фаҳмидааст, ки се адад маводи нашъадори китобшакли аз бадани ӯ пайдо карда гирифташуда мувофиқи маълумотномаи эксперти судӣ химиявӣ ба воситахои нашъадори намуди «Хашиш» таълук, дошта вазни тозаи он 605 (шашсаду панҷ) граммро ташкил додааст.

            Ӯ бо гуноҳи содирнамудаи худ пурра иқрор аст ва аз кирдори содирнамудаи худ сидқан пушаймонаст.

            Шоҳид шахси холис Давлатов М.Қ., дар суд нишондод додааст, ки ӯ рӯзи 16-уми декабри соли 2014, тахминан соатҳои 19 ба 20 дар маркази шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор буд ва ин вақт кормандони ШВКД-и ноҳияи Фархор ӯро ба ШВКД-и ноҳияи Фархор даъват карда аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар кофтукови шахсии Акбаров Маҳмадрасул Нурматович, ҳамчун шахси холис иштирок намояд. Ӯ ба ин таклифи кормандони милитсия рози шудааст. Сипас кормандони милитсия шахси холиси дигаро низ даъват карда  ба онҳо ҳуқук ва вазифаҳояшонро ҳамчун шахсони холис фахмонида доданд ва дар бинои ШВКД-и ноҳияи Фархор кормандони милитсия дар ҳузури ӯ ва шахси холиси дигар кофтукови шахсии Акбаров М.Н.-ро гузарониданд. Дар вақти кофтукови шахсии Акбаров М.Н., кормандони ШВКД-и ноҳияи Фархор аз дохили остини чапи ҷомаи дар тан доштаи Акбаров М.Н., як адад салафани килиёнкагии рангаш зардчатобро дарёфт намуданд, ки дар дохили салафан се салафани рангашон сиёҳи печонидашуда ҷой дошт.. Сипас кормандони ШВКД-и ноҳияи Фархор дар ҳузури ӯ ва шахси холиси дуюм ин се салафани рангашон сиёҳро кушоданд, ки дар дохили ҳар як салафанаш яктоги маводи китобшакли  рангашон ҷигарии бӯи хоса дошта ҷой доштааст. Баъд ӯ аз кормандони ШВКД-и ноҳияи Фархор фаҳмидааст, ки се адад маводи китобшакл воситаҳои нашъадори намуди «Хашиш» мебошад. Баъд кормандони ШВКД-и ноҳияи Фархор дар ҳузури ӯ ва шахси холиси дигар ҳуҷатгузори намуда он се адад маводи китобшакли аз бадани Акбаров М.Н дарёфт кардаро дар дохили як лифофаи стандартии ҳаҷмаш калон андохта даҳони он лифофаро бо муҳрҳо ширеш карданд ва ӯ бо ҳамроҳии шахси холиси дигар ва дигар иштирокчиён дар болои муҳрҳои ширешкардаи лифофа имзоҳои худро гузоштанд.  Дар вақти пурсиш Акбаров М.Н., дар ҳузури ӯ ва шахси холиси дигар ба кормандони ШВКД-и ноҳияи Фархор баёнот додааст, ки ӯ се адад маводи китобшакли ба воситахои нашъадори намуди «Хашиш» монандро аз шаҳрванд Сайдалиев М.М., барои истеъмоли худаш харидори намудааст. Баъдан дар рафти тафтиши парванда ӯ аз кормандони милитсия фаҳмидааст, ки маводи аз бадани Акбаров М.Н., дарёфтгардида   воситаҳои нашъадори намуди «Хашиш» буда, вазни тозааш 605 (шашсаду панҷ) грамро ташкил додааст.

             Шоҳид-шахси холис Табаров Р.Н., дар рафти тафтиши пешаки (в.к. 91-93) нишондоди айнан монандро ба нишондоди шоҳид Давлатов М.К., нишон додааст.

           Шоҳид Муҳибов Некруз Бобохонович дар суд нишондод додааст, ки ӯ дар вазифаи сардори ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Фархор кору фаъолият дарад. Рӯзи 16-уми ноябри соли 2014, дар якҷояги бо ваколатдори калони ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Фархор лейтенанти калони милитсия Саидов Фахриддин Талбакович, ҳангоми гузаронидани корҳои фаври ҷустуҷуи  аз рӯи маълумотҳои оперативии доштаашон, ки шаҳрванд Акбаров М.Н., ба муомилоти ғариқонуни воситаҳои нашъадор сару кор дорад онҳо шаҳрванд Акбаров М.Н-ро ба ШВКД-и ноҳияи Фархор даъват намуда бо вай  ҳамсуҳбат шуда хохиш намуданд, ки вай воситаҳои нашъадори ғайриқонуни дар пинҳонгоҳ нигоҳ медоштаашро оварда ба ШВКД-и ноҳияи Фархор супорад. Аввалан Акбаров М.Н., воситаҳои нашъадор доштанашро инкор карда, сипас оиди маводи нашъадори намуди «Хашиш» доштанаш иқрор шуда ваъда додааст, ки худаш танҳо рафта аз махфигоҳаш он воситаҳои нашъадоро бо пурраги оварда ба кормандони милитсия месупорад. Баъд аз ин худи ҳамон рӯз Акбаров М.Н., барои оварда ба милитсия супоридани маводҳои нашъадори доштааш аз ШВКД-и ноҳияи Фархор баромада рафта ҳамон бегоҳи, тахминан соатҳои 19 ба 20 ба ШВКД нохияи Фархор омада гуфтааст, ки ӯ он воситаҳои нашъадори намуди «Хашиш»-ро, ки барои истеъмоли худаш дар махфигоҳғайриқонуни нигоҳ медошт овардааст.

           ғйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санксияҳои моддаҳои махсуси Кодекси мазкур, ҷазои «мусодираи молу мулк» хориҷ карда шудааст.

          Дар чунин ҳолат суд ба хулоса омад, ки талаботи қонуни мазкур риоя карда шуда, ҷазои асосиро бе таъини ҷазои иловаги мусодираи молу мулк таъин намояд.

          Суд тибки талаботи моддаи 78  КМҶҶумҳурии Тоҷикистон, тақдири далелҳои шайъи: се адад маводҳои китобшакли ба воситаи нашъадори намуди «Хашиш» мансуб буда, ки вазни умумияш 605 граммро кашкил медиҳад ва дар амборхонаи марказонидашудаи РВКД вилояти Хатлон нигоҳ дошта мешавад зери муҳокима қарор дода пас аз ба қувваи қонуни даромадани ҳукм маҳв намуданашро ба мақсад мувофиқ донист.

      Бо дастрасии моддахои 78, 332-335, 336, 338, 339, 341-344, 347, 348 КМҶҶумҳурии  Тоҷикистон, с у д:-

Х У К М    К А Р Д:

      Акбаров Мҳмадрасул Нурматович, бо моддаи 201 қисми 3 бандҳои «е»-и КҶҶумҳурии Тоҷикистон, гунахгор дониста шавад.

      Ба Акбаров М.Н., бо моддаи 201 қисми 3 бандҳои «е»-и КҶҶумҳурии Тоҷикистон, ба  маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо адо кардани ҷазо дар коллонияҳои ислоҳии дорои низомашон пурзур, ҷазо таъин карда шавад.

                  Саршавии муҳлати адои ҷазои Акбаров М.Н., аз 19-декабри 2014 аз рӯзи дастгир шуданаш, ба ҳисоб гирифта шавад.

                  Чораи пешгири нисбати Акбаров М.Н., дар ҳасб нигоҳ доштан, чун пештара бе тағйир мононда шавад.

      Далелҳои шайъи: се адад маводҳои китобшакли ба воситаи нашъадори намуди «Хашиш» мансуб буда, ки вазни умумияш 605 граммро ташкил медиҳад ва дар амборхонаи марказонидашудаи РВКД вилояти Хатлон нигоҳ дошта мешавад, пас аз ба қувваи қонуни даромадани ҳукм маҳв карда шавад.

     Аз болои ҳукми мазкур дар муддати 10-шабонарӯз ба маҳкумшуда Акбаров М.Н., бошад аз рӯзи гирифтани нусхаи ҳукм дар ҳамин муҳлат, тавассути ҳамин суд ба коллегияи суди оид ба корҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон, дар шаҳри Кулоб буда, шикоят ва эътирози кассатсиони овардан мумкин аст.

          РАИСИКУНАНДА:                                                                         БОЙЗОДА.Т.Г.

 

 

 

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий