Парвандаи ҷинояти нисбати Шарипов Бахтиёр Ғаниевич бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои а,в,г-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяи суди ноҳияи Фархор вилояти Хатлон Иброҳимзода С.Х, парвандаи ҷиноятиро нисбати Шарипов Бахтиёр Ғаниевич бо моддаи 244 қисми 2бандҳои а,в,г-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро, омухта судя:___

Судшаванда Шарипов Бахтиёр Ғаниевич  пеш суд шуда ба худ хулосаи даркори набароварда, дар ҳолати зерин даст ба ҷиноятӣ қасдона задааст.

               Ӯ   такроран, дар ҳолати ретсидиви ҷиноят соатҳои  13-30  дақиқаи охирҳои моҳи октябри соли 2014-ум, ки ба манзили зисти ҳамдеҳааш Гардалиев Мир  Сайдалиевич,  бо мақсади гирифтани музди меҳнати бо Гардалиев М С ҳамчун мардикор кор кардааш, рафтааст. Ҳангоми суҳбат намудан бо Гардалиев М.С. дар болои катти дар дохили пешдолони Гардалиев М С ҷойгир буда як адад телефони мобилиро дида фикри бо роҳи дузди ба даст овардани он дар сараш пайдо шудааст. Пас аз он, ки Гардалиев М. С. бо ў суҳбатро тамом намуда ба корҳои хоҷагиаш машғул шудааст аз набудани кассе дар гирду атроф истифода бурда ғайриқонуни вориди пешдолони Гардалиев М.С. гардида бо тариқи пинҳони аз қисми болои катти пешдолон як адад телефони мобилии тамғаи «Флай» арзишаш мувофиқи гувоҳномаи пешниҳоднамудаи бозори марказии ноҳияи Фархор 300 сомониро дар якчояги бо ду адад симкорти ширкатҳои мобилии «Мегафон» ва «ТСЕЛЛ», арзиши як адад симкорташ 5-сомони, ки дар дохили телефон пайваст будаанд, дуздида азони худ намудааст. Пас аз гузаштани як руз ду адад симкорти дар дохили телефони  тамғаи «Флай»-и аз манзили Гардалиев М С дуздидааш пайваст бударо партофта, телефони мобилии мазкурро дар назди бозори марказии ноҳияи Фархор ҳамчун моликияти шахсии худ муарифи намуда ба шаҳрванд Исуфов Маъчуб Абдурозиқович ба маблағи 80 сомони фурухта, маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ хароҷот намудааст.

Ӯ боз такроран, дар ҳолати ретсидиви ҷиноят соатҳои 13 30 ба 14 00 дақиқаи охирҳои моҳи октябри соли 2014-ум, ба манзили зисти ҳамдеҳааш Садиров Давлатхуҷа Грезович, сокини деҳаи Деҳқонобод ҷамоати деҳоти Ғайрат ноҳияи Фархор, бо мақсади гирифтани либосҳояш, ки дар манзили зисти номбурда ҳамчун мардикор ба девор сохтан машғул будааст, рафта. Ҳангоми гирифтани либосҳояш дар назди тирезаи дохили пешдолони манзили истиқоматии Садиров Д. Г. як адад телефони мобилиро дида фикри бо роҳи дузди ба даст овардани он дар сараш пайдо шудааст. Сипас аз набудани касе дар гирду атроф истифода бурда ғайриконуни вориди пешдолони манзили истиқоматии Садиров Д.Г. гардида бо тариқи пинҳони аз назди тирезаи дохили пешдолони номбурда як адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа Билайн» арзишаш мувофики гувохномаи пешниҳоднамудаи бозори марказии нохияи Фархор 85 сомониро дар якчояги бо як адад симкорти ширкати мобилии «Мегафон»,арзишаш 5-сомониро,ки дар дохили телефон пайваст буда дуздида азони худ намудааст. Пас аз гузаштани якчанд руз як адад симкорти дар дохили телефони мобилии тамғаи «Нокиа Билайн»-и аз манзили Садиров Д Г дуздидааш пайваст бударо партофта, телефони мобилии мазкурро дар чумъабозори  деҳаи Қурбоншаҳиди ҷамоати деҳоти Гулистон, ноҳияи Восеъ ба шахси ба тафтишоти пешаки ва суди номаълум, ҳамчун моликияти шахсии худ муарифи намуда ба маблағи 30-сомони фурухта,маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ хароҷот намудааст.

Ӯ боз такроран, дар ҳолати ретсидиви ҷиноят саннаи  4-уми ноябри соли 2014-ум, соатҳои 09 ба 10 дар дохили сешанбебозори деҳаи Сафармад, ҷамоати деҳоти Ватан ноҳияи Фархор ба назди нуқтаи савдогарии шаҳрванд Юсупова Дилором Қосимовна, ки дар болои замин либосҳои ба савдо гузоштаашро паҳн карда будааст, рафтааст. Дар он ҷо фикри бо роҳи дузди ба даст овардани моликияти Юсупова Д К дар сараш пайдо шуда ба назди либосҳои ба савдо гузоштаи Юсупова Д.Қ.рафта вазъияти муносиби даст ба дузди заданро интизор шудааст. Ҳангоми бо дигар шахсони дар кабаташ буда гапзанон намудани Юсупова Д К, аз фурсати муносносиб ва беназорат гузоштани молу мулки ба савдо гузоштааш аз тарафи Юсупова Д.Қ истифода бурда бо тариқи пинҳони аз нуқтаи савдогарии номбурда як адад шими ҷинси мардонаи андозааш 32-ро, ки арзишаш мувофиқи гувоҳномаи  пешниҳоднамудаи бозори марказии нохияи Фархор 90 сомониро ташкид медодааст, ва як адад жемпери синтетикии мардонаи андозааш 41 намуди Пума арзишаш 50 сомониро дуздида дар зери курткаи дар тан доштааш пинҳон намуда аз дохили бозор баромада рафтааст. Пас аз гузаштани якчанд руз як адад шими ҷинси мардона ва як адад жемпери мардонаи аз Юсупова Д.К дуздидаашро дар ҷумабозори деҳаи Қурбоншаҳиди ҷамоати деҳоти Гулистон, ноҳияи Восеъ ба шахси ба тафтишоти пешаки ва суди номаълум, ҳамчун моликияти шахсии худ муарифи намуда, ба маблағи 72-сомони фурухта, маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ хароҷот намудааст.

Ҳамзамон суд мувофиқи мақсад мешуморад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои намояндаи қонунии ҷабрдидаро мувофиқи талаботи моддаи 42 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шавад.

Бо дастрасии моддаи 45 ва 290 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон судя:___

ТАЪИН                КАРД:

Вобаста ба парвандаи ҷинояти нисбати Шарипов Бахтиёр Ғаниевич бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои а,в,г-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алимардонова Файзигул Менгаҳмадовна-ро намояндаи қонунии Алимардонов Абдумалик Менгаҳмадович, ҷабрдида эътироф карда шавад.

Ҳамзамон ҳуқуқу уҳдадориҳои намояндаи қонунии ҷабрдида мувофиқи талаботи моддаи 42 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаи суди фаҳмонида дода шавад.

 

Судяи суди ноҳияи Фархор                                                                                                       Иброҳимзода С.Ҳ.

 

 

 

 

 

 

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий